Эй бознишастагони миллат, – Лоик Шерали

Эй бознишастагони миллат,
Эй болшикастагони миллат
Пайвандгарони дӯшу фардо,
Аз хеш гусастагони миллат;
Аз тарфи ҷаҳону зиндагонӣ,
Эй тарфнабастагони миллат;
Гоҳе таҳи бору гаҳ таҳи ор,
Эй шалпару хастагони миллат;
Гардида раҳо зи дарди мансаб,
Аз сакта нарастагони миллат;
Ҳарчанд залилу хор гаштед,
Будед парастагони миллат;
Пирони муроди навҷавонон,
Покону хуҷастагони миллат;
Бифристаматон дуруд, зеро
Будед фиристагони миллат!
04.09.1995
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *