Эй насими биҳиштии дарё! – Лоик Шерали

Эй насими биҳиштии дарё!
Дар дили ман қарор кун боре.
Ё ту ҳам чун мани шитобзада
Зиндагиро шитоб пиндорӣ?

Сангҳо хомушанд дар соҳил,
Оби дарё чу ман шитобон аст.
Ҳар чӣ бигзашт, бозпас н-ояд,
Ин ҳақиқат ба гуфтан осон аст…

Ҳар чӣ ёбӣ, зи даст хоҳад рафт,
Зиндагиро руҷӯи вопас нест.
Ҳар чӣ дар даст дорӣ нақд имрӯз,
Қадрдониш кори ҳар кас нест.

Мо ҳама меравему ин дарё
Солиён боз ҷорӣ хоҳад буд.
Беқарорист расми ин дунё,
Боз ҳам беқарорӣ хоҳад буд.

Дар лаби об бо лаби хомӯш
Худ ба худ рози даҳр мегӯям.
Эй насими биҳиштии дарё,
Ман чӣ гум кардаму чӣ меҷӯям???

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *