Ғазали 1 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 1

Ба авҷи Кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо, Сари мӯе ғар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо. Адабғоҳи муҳаббат позу шӯхӣ барнамедорад,

Чу шабнам сар ба муҳри ашк мсболад ниғоҳ оп ҷо. Ба ёди маҳфили нозаш саҳархсз аст аҷзоям, Табассум то куҷоҳо чида бошад дастғоҳ он ҷо. Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,

Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони ғиёҳ он ҷо.

Ба саъйи ғайр мушкил буд з-ошӯби дуӣ растан Сарс дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ он ҷо. Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедй, Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо.

Зи тарзи машраби ушшоқ сайри бспавоӣ кун, Шикасти ранги кас обе надорад зсри коҳ он ҷо. Зибас файзи саҳар мсҷӯшад аз ғарди саводи дил, Ҳама ғар шаб шавад, рӯзат намеғардад сиёҳ он ҷо. Ба Канъони ҳавас ғардс надорад Юсуфи матлаб, Мағар дар худ фурӯ рафтан кунад эҷоди чоҳ оп ҷо. Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад,

Зи нақши по саре бояд кашидан гоҳ-гоҳ он ҷо.

Дил аз камзарфии тоқат набаст эҳроми озодӣ,

Ба санг ояд магар ин ҷому ғардад узрхоҳ он ҷо. Замингирам ба афсуни дили бемуддао, Бедил,

Дар он водӣ, ки мапзил низ меафгад ба роҳ он ҷо.

РУБОИИ 1

Афсонаи бетамизии оламро Фаҳме куну вогузор бешу камро.

Шайтон гардид қобили тавқи ғазаб,

Берун ронданд аз биҳишт Одамро.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *