Ғазали 12 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 12

Ваҳми ҳастӣ ҳеч касро аз тапидан вонадошт,

Меҳри болу пар ҳамон ҷуз байзаи анқо надошт. Оламе з-ин базми ибрат муфлису маъюс рафт,

Кас нашуд огаҳ, ки чизе дошт бо худ, ё надошт. Бскасӣ заҳматпарасти миннати аҳбоб нест,

Ёди айёмс, ки кас ёд аз губори мо надошт.

Ҳар чи пеш омад, ҳамон рӯ бар қафо кардем сайр, Як қалам дӣ доштем, имрӯзи мо фардо надошт. Даъвии соҳибдилӣ аз ҳарзагӯён ботил аст,

То нафас безабт мезад, шишагар мино надошт. Машқи ҳамворӣ дар ин мактаб далсли хомӯшист,

То дуруштӣ дошт санги сурма, ҷуз ғавғо надошт. Ҳирс ҳар сӯ раҳ барад, бар симу зар дорад назар, Зоҳид аз фирдавс ҳам матлуб ҷуз дунё надошт. Қонеон ссроби таскин аз зулоли дигаранд,

Оби ширинс, ки гавҳар дорад, аз дарё надошт.

То зи тамкин нагзаранд одобдонони вафо,

Шамъи маҳфил дар сар оташ дошт, зери по надошт. То биёбонмарги навмедӣ набояд зистан,

Ҳар куҷо рафтсм, моро бскасӣ танҳо надошт. Дуриам з-он остон девона кард, аммо чӣ суд?

Он қадар хоке, ки афшонам ба сар, саҳро надошт. Чун нафас, Бсдил, нафасҳо дар тараддуд сӯхтам, Гӯшаи дил ҷойи роҳат буд, аммо ҷо надошт.

РУБОИИ 12

Бебокӣ кун, шиксби мардон ин аст,

Сар бар каф гир, себи мардон ин аст.

Ҳайф аст, чу зан ба рахти гулгун нозӣ,

Хун гарду бипӯш, зеби мардон ин аст.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *