Ай Дил Фурӯ Рав Дар Ғамаш К-Ас – Сабру Мифтоҳ-Ул-Фараҷ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай дил, фурӯ рав дар ғамаш, к-ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ,
То рӯ намояд марҳамаш, к-ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Чандон фурӯ хур андуҳон, то пешат ояд ногаҳон,
Курсиву арши аъзамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Хандон шав аз нури ҷаҳон, то ту шавӣ сури ҷаҳон,
Эмин шавӣ аз мотамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Боре, дилам аз марду зан барканд миҳри хештан,
То ишқ шуд холу амаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Гар сина ойина кунӣ, бе кибру бе кина кунӣ,
Дар вай бибинӣ ҳар дамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Чун осмон гар хам диҳӣ, дар амри фармон вораҳӣ,
З – ин осмону аз хумаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Ҳам биҷҳӣ аз мову манӣ, ҳам девро гардан занӣ,
Дар даст печӣ парчамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Иқбол хеш ояд туро, давлат ба пеш ояд туро,
Фаррух шавӣ аз мақдамаш, ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Девест дар асрори ту, к – аз вай нагун шуд кори ту,
Барбанд ин дам муҳкамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Дорад Худо хуш оламе, мангар дар ин олам даме,
Ҷуз ҳақ набошад марҳамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Хомуш баёни сир макун, хомуш, ки сирри мин ладан,
Чун мезанад андар ҳамаш, к – ас – сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *