Ай Шаби Хушрӯ Ки Туйӣ Миҳтару Солори Ҳабаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай шаби хушрӯ, ки туйӣ миҳтару солори ҳабаш,
Мо зи ту шодем ҳама, вақти ту х(в)аш, вақти ту х(в)аш!
Ишқи ту андархури мо, шавқи ту андар бари мо,
Даст биниҳ бар сари мо, даст макаш, даст макаш!
Ай шаби хубиву биҳӣ, ҷон биҷаҳад, гар биҷаҳӣ,
Гар се адад бар се ниҳӣ, гардад шаш, гардад шаш!
Шаш ҷиҳатам аз рухи ту в-аз назари фаррухи ту,
Ҳафт фалакро бидиҳад хубиву каш, хубиву каш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *