Ба Гӯшае Биравам Гӯши Он Қадаҳ Гирам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба гӯшае биравам, гӯши он қадаҳ гирам,
Ки ошиқи қадаҳи дурду хасми тадбирам!
Хуш аст гӯша ва ё гӯшагаштае чун ман,
Ба ҳар чи бошад аз ин ду, чу шаҳду чун ширам!
Чу обу равған бо ҳар ки мурғи обӣ нест,
Ки зуҳратолиъаму шукри сукри таъсирам!
Зи халқ ман он хоҳам, ки шукри сукр кунад,
Дигар ҳама ба ту бахшидам, ай баку мирам!
Равам, саре биниҳам, к-он сарест бодаи ҷон,
Ки хуфта биҳ сари пуриҳтиёлу тазвирам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *