Бозомад Он Шаҳе Ки Надидаш Фалак Ба Хоб – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бозомад он шаҳе, ки надидаш фалак ба хоб,
Овард оташе, ки намирад ба ҳеч об!
Бингар ба хонаи ману бингар ба хони ман,
Аз ҷоми ишқи ӯ шуда ин масту он хароб!
Мири шаробхона чу шуд бо дилам ҳариф,
Хунам шароб гашт зи ишқу дилам кабоб!
Чун дида пур шавад, зи хаёлаш нидо расад,
Аҳсант, ай пиёлаву шобош, ай шароб!
Дарёи ишқро дили ман дид ногаҳон,
Аз ман биҷаст дар ваю гуфто: “Маро биёб!”
Хуршеди рӯйи мафхари Табрез – Шамси дин,
Андар паяш давон шуда дилҳои чун саҳоб!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *