Дидани Рӯйи Туам Аз Бомдод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дидани рӯйи туам аз бомдод
Дарди маро, бин, ки чи ором дод?!
Дар дили ушшоқ чи оташ фиканд,
Ҷониби асрор чӣ пайғом дод?!
Чун зи сари лутф маро пеш хонд,
Ҷони маро бодаи беҷом дод!
Софии он бода чу арвоҳ хӯрд,
Косаи олуда ба аҷсом дод!
Софии он бода зи арвоҳ ҷӯ,
З-он ки ба аҷсом ҳамин ном дод!
Дар Табрез аст туро доми дил,
Раҳмати пайваста дар он дом дод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *