Омад Омад Дар Миён Хуби Хутан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Омад, омад дар миён хуби Хутан,
Ҳар ду дастатро бишӯ аз ҷону тан!
Дод шамшере ба дасти ишқу гуфт:
«Ҳар-чи бинӣ ғайри ман, гардан бизан!»
Андар об андоз, илло Нӯҳро,
Ҳар ки бошад, хубу зишту марду зан!
Ҳар ки ӯ андар дили Нӯҳ аст, раст,
Ҳар ки дар пеш аст, дар дарё фикан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *