Он Кас Ки Туро Бинад В-Онгаҳ Назараш Бар Тан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он кас, ки туро бинад в-онгаҳ назараш бар тан,
З-ойина надидаст ӯ илло сияҳий оҳан!
Аз оби ҳаёти ту дур аст ба зоти ту,
К-аз кибр барояд ӯ боло масали равған!
Пойи ту чу ҷон бӯсад, то ҳашр лабон лесад,
Аз лаззати он бӯса, ай рӯт маҳи равшан!
Гуфтам ба дилам: «Чунӣ?», гуфто, ки «Дар афзунӣ,
Зеро ки хаёлашро ҳастам, ба Худо, маскан!».
Дар сина хаёли ӯ в-он гоҳ ғаму ғусса,
Дар оби ҳаёти ӯ в-он гаҳ хатари мурдан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *