Ҳар Шаб Ки Бувад Қоъидаи Суфра Ниҳодан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан,
Моро зи хаёли ту бувад рӯза кушодан!
Ай лутфи туро қоиъда бар рӯзакушоён,
Монанди Масеҳо зи фалак мойида додан!
Чун қути дил аз матбахи савдои ту бошад,
Бояд ба миён рафтану дар лут фитодан!
Моро ҳам аз он оташи дил оби ҳаёт аст,
Бар оташи дил шод бисӯзем чу лодан!
Кори ҳайавон аст, на кори дилу ҷон аст
Дар хок бипӯсидану аз хок бизодан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *