Ҷуз Вай Чӣ Бошад К-Аз Аҷал Андаррабояд Кулли Мо – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо!
Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: «Ҳанийян, марҳабо!».
Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам,
Сабру қарорам бурдайӣ, ай мизбон, зутар биё!
Аз маҳ ситора мебарӣ, ту пора-пора мебарӣ,
Гаҳ ширхора мебарӣ, гаҳ мекашонӣ дояро!
Дорам диле ҳамчун ҷаҳон, то мекашад кӯҳи гарон,
Ман куҳкашам, каҳ кай кашад з-ин коҳдон охир маро?!
Гар мӯйи ман чун шир шуд, аз шавқи мурдан пир шуд,
Ман ордам, гандум наям, чун омадам дар осиё?!
Дар осиё гандум равад, к-аз сунбула зодаст ӯ,
Зодай маҳам, не сунбула, дар осиё бошам чаро?!
Не, не, фитад дар осиё ҳам нури маҳ аз равзане,
З-он ҷо ба сӯйи маҳ равад, не дар дукон нонбо!
Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *