На Нандон Орзумандам, Ки Васфаш Дар Баён Ояд,

На нандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд,
В-агар сад нома бинвисам ҳикоят беш аз он ояд.
Маро ту ҷони ширинй, ба талхй рафта аз аъзо,
Ало, эй ҷон, ба тан боз о, вагарна тан ба ҷон оят!
Маломатҳо, ки бар ман рафту сахтиҳо, ки пеш омад,
Гар аз ҳар бобате фасле бигӯям, достон ояд!
Чӣ парвон сухан гуфтан бувад муштоқи хидматро?
Ҳадис он гаҳ кунад булбул, ки гул бо бӯстон ояд.
Чӣ суд оби Фурот он гаҳ, ки ҷони ташна берун шуд,
Чу Маҷнун дар канор офтод, Лайлӣ дар миён ояд.
Ман ин гул дӯст медорам, чаро к-аз бӯи мушкинаш,
Чунон мастам, ки гӯй бӯи ёри меҳрубон ояд!
Наспми субҳро гуфтам: ту бо ӯ ҷонибе дорӣ,
К-аз он ҷониб, ки ӯ бошад, сабо аибарфишон ояд.
Гуноҳи туст, агар вақте бинодад ношикебое,
Надонистӣ, ки чун оташ дарандозӣ, духон ояд!
Хато гуфтам ба нодонй, ки чун ҷавре кунад Узро,
Намебояд, ки Вомиқро шикоят бар забон ояд.
Қалам хосияте дорад, ки сар то сина бишкофӣ,
Дигар бораш чу фармой, ба фарқи сар давон ояд.
Замину богу бӯстонро ба ишқи боди наврӯзь
Бибояд сохт бо ҷавре, ки аз боди хазон ояд.
Гарат хунобу гирад дил зи дасти дӯстон, Саъдӣ,
На шарти дӯстон бошад, ки аз дил бар забон ояд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *