Ин Чӣ Рафтор Асг, К-Ороми Дил Аз Ман Мебарӣ

Ин чӣ рафтор асг, к-ороми дил аз ман мебарӣ
Хушам аз сар мерабоӣ, аклам аз тан мебарн!
Боғу лоласгон чӣ бошад? Осшне барфишон!
Боғбонро гӯ: биё, гар гул ба доман мебарӣ.
Рӯз шаб мебошад он соат, ки хдмчун офтоб
Менамоӣ рӯю дигар бор равзан мебарӣ.
Мӯят аз сар то камаргоҳ хӯшае бар хирман аст,
Зинҳор, ин хӯша пинҳон кун, ки хирман мебарӣ.
Дин ба айёрӣ бибурдй ногаҳон аз дасги ман,
Дузд дар шаб раҳ занад, ту рӯзи равшан мебарӣ!
Гар ту баргардидӣ аз ман бе гуноҳу бе сабаб,
То магар ман низ баргардам, галат зан(н) мебарӣ!
Чун наояд дуд аз он хирман, ки оташ мезанӣ?
Ё бубандад хуни он мавзеъ, ки сӯзан мебарӣ?
Ин тариқи душманӣ бошад, на шарти дӯстӣ,
К-обрӯи дӯстон дар пеши душман мебарӣ!
Айби мискине макун, к-афтону хезон дар паят
Гар намеояд, ту занҷираш ба гардан мебарӣ!
Саъдиё, гуфтори ширин пеши он кому даҳан!
Дур ба дарё мефиристӣ, зар ба маъдан мебарӣ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *