Зинда Бе Дӯст Хуфта Дар Ватане-

Зинда бе дӯст хуфта дар ватане-
Масали мурдаест дар кафане.
Айшро бе ту айш натвон гуфт,
Чӣ бувад бе вуҷуди рӯҳ тане?
То сабо меравад ба бӯстонҳо,
Чун ту сарве надид дар чамане.
Офтобе хилофи имкон аст,
Ки барояд зи ҷайби пераҳане.
3-он шикан бар шикан қабоили зулф,
Ки балоест зери ҳар шикане.
Бар сари кӯи ишқ бозорест,
Ки наярзад ҳазор ҷон ба тане.
Ҷои он аст, агар бубахшой,
Ки набинӣ фақиртар зи мане.
Ҳафт кишвар намекунад имрӯз
Бе мақолоти СаъдВ анҷумане.
Аз ду берун на: ё дилат санг аст?
Ё ба гӯшат намерасад сухане?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *