ҚАДИ ШАМШОД БО МАН НЕСТ

ҚАДИ ШАМШОД БО МАН НЕСТ

Зи нофармонӣ дил чун бод бо ман нест,
К-аз ин омил ба ҷуз фарёд бо ман нест!

Хамиду қоматам ҳамчун камонам,
Қади зебои чун шамшод бо ман нест!

Чу шӯроби ду чашмам нест Ширин,
Нигоро, тешаи Фарҳод бо ман нест!

Чаро болам? Пару болам кӣ бишкаст?
Зимоми ихтиёр, эй дод бо ман нест!

Гирифторам ҳамон бар деви андӯҳ,
Нишоти васлу қалби шод бо ман нест!

Асои рӯзгорам буд уммед,
Нафасгирам – нафас озод бо ман нест!

Замири мо ба лутфи ёр, Воҷид,
Чунон ташнасту з-ӯ имдод бо ман нест!

( Vojidi Ashti

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *