Соати дидор наздик аст

Соати дидор наздик аст
Ту тасаввур натавонӣ кард
Чи қадар ёд намудам,оҳ
Ман туро,туро,туро,эй МАРД!
Чи сафар бе ту дарозо буд,
Чи қадар ҳаҷр кашидам,оҳ
Нимашаб роз набишнидӣ
Аз ситора,зи само ,аз роҳ?
Ту намедонӣ маро куштӣ
Андар ин фосилаи дурӣ
Хастаам аз сафари бе ту
Хаста аз рафтани маҷбурӣ
Қафаси сина кушо ҷоно
Чу тир андар дили ту ҷо шам
Мон,ки овозаи дунёву
Қотили вақти шумо бошам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *