Эй Сарви Нози Ҳусн, Ки Хуш Меравӣ Ба Ноз,

Эй сарви нози ҳусн, ки хуш меравӣ ба ноз,
Ушшоқро ба нози ту ҳар лаҳза сад ниёз.
Фархунда бод талъати хубат, ки дар азал,
Бубридаанд бар қади сарват қабои ноз!
Онро ки бӯи анбари зулфи ту орзуст,
Чун уд, гӯ, бар оташи савдо бисӯзу соз.
Парвонаро зи шамъ бувад сӯзи дил, вале
Бе шамъи орази ту диламро бувад гудоз.
Сӯфӣ, ки бе ту тавба зи май карда буд дӯш,
Бишкаст аҳд, чун дари майхона дид боз.
Аз таънаи рақиб нагардад иёри ман,
Чун зар агар баранд маро дар даҳони гоз.
Дил, к-аз тавофи Қаъбаи кӯят вуқуф ёфт,
Аз шавқи он ҳарим надорад сари Ҳиҷоз.
Чун бода боз бар сари хум рафт кафзанон,
Ҳофиз, ки дӯш аз лаби соқӣ шунид роз.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *