Шукуфта Шуд Гули Ҳамрову Гашт Булбул Маст,

Шукуфта шуд гули ҳамрову гашт булбул маст,
Салои сархуши, эй сӯфиёни бодапараст!
Асоси тавба, ки дар маҳкамӣ чу санг намуд,
Бубин, ки ҷоми зуҷоҷӣ чӣ турфааш бишикаст.
Биёр бода, ки дар боргоҳи истиғно,
Чи посбону чи султон, чи ҳушёрру чи маст.
Аз ин работи ду дар чун зарурат аст раҳил,
Равоқу тоқи маишат чи сарбаланду чи паст.
Мақоми айш муяссар намешавад бе ранҷ
Бале, ба ҳукми бало бастаанд аҳди аласт.
Ба ҳасту нест маранҷон замиру хуш мебош,
Ки нестист саранҷоми ҳар камол, ки ҳаст.
Шукӯҳи Осафиву асби боду мантиқи тайёр,
Ба бод рафту аз ӯ хоҷа ҳеҷ тарф набаст.
Ба болу пар марав аз раҳ ки тири партобӣ
Ҳаво гирифт замоне, вале ба хок нишаст.
Забони килки ту, Ҳофиз, чӣ шукри он гӯяд,
Ки тӯҳфаи суханаш мебаранд даст ба даст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *