Чил Сол Беш Рафт, Ки Ман Лоф Мезанам,

Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам,
К-аз чокарони пири муғон камтарин манам.
Ҳаргиз зи юмни отифати пири майфурӯш
Согар тиҳӣ нашуд зи маи софи равшанам.
Аз чоҳи ишқу давлати риндони покбоз
Пайваста садри мастабаҳо буд масканам.
Дар шони ман ба дурдкашӣ занни бад мабар,
К-олуда гашт ҷома, вале покдоманам.
Ҳайф аст булбуле чу ман акнун дар ин қафас,
Бо ин лисони азб ки хомуш чу савсанам.
Обу ҳавои Форс аҷаб сифлапарвар аст,
Ку ҳамраҳе, ки хайма аз ин хок барканам?
Шаҳбози дасти подшаҳам, ин чӣ ҳолат аст,
К-аз ёд бурдаанд ҳавои нишеманам?
Тӯроншаҳи хуҷаста, ки дар ман-язиди фазл
Шуд миннати мавоҳиби ӯ тавқи гарданам.
Ҳофиз, ба зери хирқа қадаҳ то ба кай кашӣ?
Дар базми хоҷа парда зи корат барафганам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *