Ҳазор Душманам Ар Мекунанд Қасди Ҳалок,

Ҳазор душманам ар мекунанд қасди ҳалок,
Гарам ту дӯстӣ, аз душманон надорам бок!
Маро умеди висоли ту зинда медорад,
Вагарна ҳар дамам аз ҳаҷри туст бими ҳалок.
Нафас-нафас агар аз бод бишнавам бӯят,
Замон-замон чу гул аз ғам кунам гиребон чок.
Равад ба хоб ду чашм аз хаёли ту, ҳайҳот,
Бувад сабур дил андар фироқи ту ҳошок
Агар ту захм занӣ беҳ, ки дигаре маҳрам,
В-агар ту заҳр диҳӣ, беҳ, ки дигаре тарёк.
Би зарби сайфика қатло ҳаётуно абадан,
Лианна рӯҳӣ қад тоба ан якуна фидок.
Инон мапеч, ки гар мезанӣ ба шамшерам,
Сипар кунам сару дастат надорам аз фитрок.
Туро чунон, ки тӯй, ҳар назар куҷо бинад,
Ба қадри дониши худ ҳар касе кунад идрок.
Ба чашми халқ азизи чаҳон шавад Ҳофиз,
Ки бар дари ту ниҳад рӯи масканат бар хок.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *