Кунун, Ки Дар Чаман Омад Гул Аз Адам Ба Вуҷуд,

Кунун, ки дар чаман омад гул аз адам ба вуҷуд,
Бунафша дар қадами ӯ ниҳод сар ба суҷуд.
Бинӯш ҷоми сабӯҳӣ ба нолаи дафу чанг,
Бибӯс ғабғаби соқӣ ба нағмаи наю уд.
Ба даври гул манишин бе шаробу шоҳиду чанг,
Ки ҳамчу рӯзи бақо ҳафтае бувад маъдуд.
Шуд аз фурӯғи раёҳин чу осмон равшан
Замин ба ахтари маймуну толеи масъуд.
Зи дасти шоҳиди симинузори Исодам
Шароб нӯшу раҳо кун ҳадиси Оду Самуд.
Ҷаҳон чу хулди барин шуд ба даври савсану гул,
Вале чӣ суд, ки дар вай на мумкин аст хулуд
Чу гул савор шавад бар ҳаво, Сулаймонвор,
Саҳар, ки мурғ дарояд ба нағмаи Довуд.
Ба боғ тоза кун оини дини зардуштӣ,
Кунун, ки лола барафрӯхт оташи Намруд.
Бихоҳ ҷоми сабуҳӣ ба ёди Осафи аҳд,
Вазири мулки Сулаймон Имодидин Маҳмуд.
Бувад, ки маҷлиси Ҳофиз ба юмни тарбияташ,
Ҳар он чӣ металабад, ҷумла бошадаш мавҷуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *