Карашмае Куну Бозори Соҳирӣ Бишикан,

Карашмае куну бозори соҳирӣ бишикан,
Ба ғамза равнақу номуси сомирӣ бишикан!
Ба бод деҳ сару дастори оламе, яъне
Кулоҳгӯша ба оини сарварӣ бишикан!
Ба зулф гӯй, ки оини дилбарӣ бигузор,
Ба ғамза гӯй, ки қалби ситамгарӣ бишикан!
Бурун хирому бибар гӯи хубӣ аз ҳама кас,
Сазои ҳур бидеҳ, равнақи парӣ бишикан!
Ба оҳувони назар шери офтоб бигир,
Ба абрувони дуто қавси Муштарӣ бишикан!
Чу атрсой шавад зулфи сунбул аз дами бод,
Ту қиматаш ба сари зулфи анбарӣ бишикан!
Чу андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухан гуфтани дарӣ бишикан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *