Ишқи Ту Ниҳоли Ҳайрат Омад,

Ишқи ту ниҳоли ҳайрат омад,
Васли ту камоли ҳайрат омад.
Бас ғарқаи ҳоли васл, к-охир,
Ҳам бар сари ҳоли ҳайрат омад,
На васл бимонаду на восил
Он ҷо, ки хаёли ҳайрат омад.
Аз ҳар тарафе, ки гӯш кардам,
Овози суоли ҳайрат омад.
Шуд мунҳазим аз қамоли иззат
Онро, ки ҷалоли ҳайрат омад.
Сар то қадами вуҷуди Ҳофиз
Дар ишқ ниҳоли ҳайрат омад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *