Даст Дар Ҳалқаи Он Зулфи Дуто Натвон Кард,

Даст дар ҳалқаи он зулфи дуто натвон кард,
Такя бар аҳди туву боди сабо натвон кард.
Он чӣ саъяст ман андар талабат бинмоям,
Ин қадар ҳаст, ки тағйири қазо натвон кард.
Домани дӯст ба сад хуни дил афтод ба даст,
Ба фусӯсе, ки кунад ҳасм, раҳо натвон кард.
Оразашро ба масал моҳи фалак натвон гуфт,
Нисбати дӯст ба ҳар бесару по натвон кард.
Сарвболои ман он гаҳ, ки дарояд ба симоъ,
Чӣ маҳал ҷомаи ҷонро, ки қабо натвон кард.
Назари пок тавонад рухи ҷонон дидан,
Ки дар оина назар ҷуз ба сафо натвон кард.
Мушкили ишқ на дар ҳавсалаи дониши мост,
Ҳалли ин нукта ба ин фикри хато натвон кард.
Ғайратам кушт, ки маҳбуби ҷаҳонӣ, лекин
Рӯзу шаб арбада бо халқи Худо натвон кард.
Ман чӣ гӯям, ки туро нозукии табъи латиф
То ба ҳаддест, ки оҳиста дуо натвон кард.
Ба ҷуз абрӯи ту меҳроби дили Ҳофиз нест,
Тоати ғайри ту дар мазҳаби мо натвон кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *