Биёву Киштии Мо Дар Шати Шароб Андоз,

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,
Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз!
Маро ба киштии бода дарафган, эй соқӣ,
Ки гуфтаанд: «накӯй куну дар об андоз»!
Зи кӯи майкада баргаштаам зи рохи хато,
Маро дигар зи карам дар раҳи савоб андоз!
Биёр з-он маи гулранги мушкбӯ ҷоме,
Шарори рашку ҳасад дар дили гулоб андоз.
Агарчи масту харобам, ту низ лутфе кун,
Назар бар ин дили саргаштаи хароб андоз!
Ба ними шаб агарат офтоб мебояд,
Зи рӯи духтари гулчеҳри раз ниқоб андоз!
Маҳил, ки рӯзи вафотам ба хок биспоранд,
Маро ба майкада бар, дар хуми шароб андоз!
Зи ҷаври чарх чу Ҳофиз, ба ҷон расид дилат,
Ба сӯи деви миҳан новаки шаҳоб андоз!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *