Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид – Лоик Шерали

Зи пирӣ шод шудӣ, ки камоли умр расид
Камоли умр гузашту заволи умр расид.
Биёр ҷоми булӯрин, ки дурди ашки мост,
Булӯри умр гузашту сафоли умр расид.
Тамизи неку бади зиндагӣ надонистем,
Зулоли умр гузашту залоли умр расид.
Ҷавониё, ту ҷамоли умедҳо будӣ,
Ҷалоли умр гузашту муҳоли умр расид.
Куҷо биҷӯямат, айдун, ҷавониё, бидруд,
Савоби умр гузашту вуболи умр расид.
Аё хурӯши ҷавонӣ, ба ёди ман биштоб,
Биё, ки охирин оҳи маҷоли умр расид.
Замони пурсиши дил аз забони ёр гузашт,
Замони посухи так-так суоли умр расид…
23.08.1998
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *