ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ ВИҶДОН – Лоик Шерали

ТАНЗЕ АНДАР ФИРОҚИ ВИҶДОН

Адофаҳм агар ҳаст хонандаам,
Адофаҳмиашро ба ҷон бандаам.

Нагуфтам “бимирад”, ки боиста нест,
Ба покони айём шоиста нест.

Навиштам “Замоно, ту собун фирист,
Ки чиркин намирад ягон комунист”.

Ки яъне бимирад ба коми ҳалол,
Ба озодагию ба номи ҳалол.

Агарчанд зиндон пур аз ришвахор,
Ки номи камунистро карда хор.

Раисияшон ҷуз саисӣ набуд,
Нишонҳояшон ҷуз пашизе набуд.

Агарчанд бархе сияҳрӯ шуданд,
Зи мисдоқи айём яксӯ шуданд.

Агарчанд чанде “насиҳатгарон”
Зи дӯши замона чу бори гарон

Фитоданд дар пеши чашми ҳама
Сазовори нафрину хашми ҳама.

Хазоне намондаст аз боғашон,
Ба собун нашӯӣ ҳама доғашон…

Агар чанд бархе, ки доҳӣ буданд,
Гирифтори рӯзи табоҳе шуданд.

Ки на номашон монду на боғашон,
Сукути хирад монд з-айёмашон.

Чӣ гӯям? Ҳанӯз аз чунин доҳиён
Бимиранд дар обҳо моҳиён…

Чӣ хоҳам? Бихоҳам, ки даврони мо
Сафо гирад аз покии ҷони мо.

Чӣ хоҳам? Бихоҳам, ки даврони мо
Шавад бонии пок виҷдони мо.

Ба покии виҷдон дилам моил аст,
Дувумбора Қоил ба ин қоил аст…

1990

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *