Мабод Бо Каси Дигар Санову Дашномаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мабод бо каси дигар санову дашномаш,
Ки ҳар ду оби ҳаёт аст: пухтаву хомаш.
Хумори бодаи ӯ хуштар аст ё мастӣ,
Ки бод то ба абад ҷонҳои мо ҷомаш!
Ситам зи адл надонам зи мастии ситамаш,
Маро мапурс зи адлу зи лутфу инъомаш!
Ҷафои ӯ, ки равони гурезпойи маро
Ҳарифи мурғи вафо кард донаву домаш!
Басе баҳона равонам намуд, то наравад,
Кашид ҷониби иқбол кому нокомаш!
Тараб нахоҳад он кас, ки дарди ӯ бишнохт,
Нишон намонад ӯро, ки бишнавад номаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *