ИМДОД Б О М А Н Н Е С Т

ИМДОД Б О М А Н Н Е С Т

Зи нофармонӣ дил чун бод бо ман нест,
Фазои мубрами фарёд бо ман нест!

Хамидақоматам , гӯӣ камонам,
Қади болои чун шамшод бо ман нест!

Чу шӯроби ду чашмам нест Ширин,
Азизон, тешаи Фарҳод бо ман нест!

Чи гун болам? Пару болам кӣ бишкаст?
Зимоми ихтиёр, эй дод, бо ман нест!

Гирифторам ҳамон бар деви андӯҳ,
Нишоти васлу қалби шод бо ман нест!

Асои омадам-уммед бишкаст,
Нафасгирам, нафас озод бо ман нест!

Замири мо ба лутфи ёр, Воҷид,
Ҳамоно ташнаву имдод бо ман нест!

(Vojidi Ashti)
2.07.2023

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *