Маро Роҳат Аз Зиндагӣ Дӯш Буд,

Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд,
Ки он моҳрӯям дар оғӯш буд.
Чунон масти дидору ҳайрони ишқ,
Ки дунёву динам фаромӯш буд!
Нагӯям ман аз лаъли ширингувор,
Ки заҳр аз кафи дасти ӯ нӯш буд!
Надонистам аз ғояти лутфу ҳусн,
Ки симу суман ё бару дӯш буд?
Ба дидору гуфтори ҷонпаваращ
Саропои ман дидаю гӯш буд.
Намедонам ин шаб, ки чун рӯз шуд?
Касе боздонад, ки боҳуш буд.
Муаззин ғалат гуфт бонги намоз,
Магар ҳамчу ман масту мадҳуш буд?
Бигуфтему душман бидонисгу дӯст,
Намонд он таҳаммул, ки сирпӯш буд!
Ба хобаш магар дидаӣ, Саъдиё!
Забон даркаш имрӯз, к-он дӯш буд!
Мабодо, ки ганҷе бубинад фақир,
Ки натвонад аз ҳирс хомӯш буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *