Гуфтамаш Сер Бубинам, Магар Аз Дил Биравад,

Гуфтамаш сер бубинам, магар аз дил биравад,
Он чунон ҷой гирифтаст, ки мушкил биравад!
Диле аз санг бибояд ба сари роҳи видоъ,
То таҳаммул кунад он рӯз, ки маҳмил биравад!
Ашки ҳасрат ба сарангушт фурӯ мегирам,
Ки агар роҳ диҳам қофила дар гил биравад.
Раҳ надидам, чу бирафт аз назарам сурати дӯст,
Ҳамчу чашме, ки чарогаш зи муқобил биравад.
Мавҷам ин бор чунон киштии тоқат бишикаст,
Ки аҷаб дорам, агар тахта ба соҳил биравад.
Саҳл буд он ки ба шамшери итобам мекушт,
Қатли соҳибназар он аст, ки қотил биравад.
На аҷаб гар биравад қоидаи сабру шикеб,
Пеши ҳар чашм, ки он қадду шамоил биравад.
Кас надонам, ки дар ин шаҳр гирифтори ту нест,
Магар он кас, ки ба шаҳр ояду гофил биравад.
Гар ҳама умр надодаст касе дил ба хаёл,
Чун биёвд ба сари роҳи ту, бедил биравад.
Рӯй бинмой, ки сабр аз дили сӯфӣ бибарӣ!
Парда бардор, ки ҳуш аз сари оқил биравад!
Саъдӣ ар ишқ набозад, чӣ кунад мулки вуҷуд?
Ҳайф бошад, ки ҳама умр ба ботил биравад!
Қимати васл надонад, магар озурдаи ҳаҷр,
Монда осуда бихуспад, чу ба манзил биравад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *