Аз Ту Бо Маслиҳати Хеш Намепардозам,

Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам,
Ҳамчу парвона, ки месӯзаму дар парвозам.
Гар тавонӣ, ки ба хубй дилам имрӯз биҷӯӣ,
В-арна бисёр бичӯию наёбӣ бозам.
На чунон муфтақирам, к-аз назаре сер шавам,
Ё чунон ташна, ки Ҷайҳун бинишонад озам.
Ҳамчу чангам сари таслиму иродат дар пеш,
Ту ба ҳар зарб, ки хоҳӣ базану бинвозам!
Гар ба оташ бариям сад раҳу берун орӣ,
Зари нобам, ки ҳамон бошам, агар бигудозам.
Гар ту он ҷавр писандӣ, ки ба сангам бизанӣ,
Аз ман ин ҷурм наёяд, ки хилоф оғозам.
Хидмате лоиқам аз даст наёяд, чӣ кунам?
Сар на чизесг, ки дар пои азизон бозам.
Ман хароботияму ошиқу девонаю маст,
Бепггар з-ин чӣ ҳикоят бикунад ғаммозам?
Моҷарои дили девона бигуфтам ба табиб,
Ки ҳама шаб дари чашм аст ба фикрат бозам.
Гуфт аз ин навъ шикоят, ки ту дорӣ, Саъдӣ,
Дарди ишқ асту надонам, ки чӣ дармон созам?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *