Эй, Ки Бар Моҳ Аз Хати Мушкин Ниқоб Андохтӣ,

Эй, ки бар моҳ аз хати мушкин ниқоб андохтӣ,
Лутф кардӣ, сояе бар офтоб андохтӣ.
То чӣ хоҳад кард бар мо обу ранги оразат,
Ҳолиё найранги нақши худ бар об андохтӣ.
Гӯи хубӣ бурдӣ аз хубони Халлух, шод бош,
Ҷоми Кайхусрав талаб, к-Афросиёб андохтӣ.
Ҳар касе бар шамъи рухсорат ба ваҷҳе ишқ бохт,
3-он миён парвонаро дар изтироб андохтӣ.
Ганҷи ишқи худ ниҳодӣ дар дили вайрони мо,
Сояи давлат бар ин кунҷи хароб андохтӣ.
Зинҳор аз оби он ораз, ки шеронро аз он
Ташналаб кардиву гурдонро дар об андохтӣ.
Хоби бедорон бибастӣ в-он гаҳ аз нақши хаёл,
Тӯҳмате бар шабравони хели хоб андохтӣ.
Парда аз рух барфигандӣ, як назар дар ҷилвагоҳ
В-аз ҳаё хуру париро дар ҳиҷоб андохтӣ.
Бода нӯш аз ҷоми оламбин, ки бар авранги Ҷам
Шоҳиди мақсудро аз рух ниқоб андохтӣ.
Аз фиреби наргиси махмуру лаъли майпараст,
Ҳофизи хилватнишинро дар шароб андохтӣ.
Аз барои сайди дил дар гарданам занҷири зулф,
Чун каманди хусрави моликрикоб андохтӣ.
Довари Дорошукӯҳ, эй он, ки тоҷи офтоб
Аз сари таъзим бар хоки ҷаноб андохтӣ.
Нусратуддин шоҳ Яҳё, он, ки хасми мулкро
Аз дами шамшери чун оташ дар об андохтӣ
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *