Эй Насими Саҳар, Оромгаҳи Ёр Куҷост

Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост
Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост?
Шаби тор асту раҳи водии эмин дар пеш,
Оташи Тӯр куҷо, мавъиди дидор куҷост?
Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад,
Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост?
Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад,
Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост?
Ҳар сари мӯи маро бо ту ҳазорон кор аст,
Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост?
Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш,
К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост?
Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку?
Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост?
Соқиву мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале
Айш бе ёр муҳайё нашавад, ёр куҷост?
Ҳофиз, аз боди хазон дар ҷамани даҳр маранҷ
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *