Ҳарчанд Пиру Хастадилу Нотавон Шудам,

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,
Ҳар гаҳ, ки ёди рӯи ту кардам, ҷавон шудам.
Шукри худо, ки ҳар чӣ талаб кардам аз худо,
Бар мунтаҳои ҳиммати худ комрон шудам.
Эй гулбуни ҷавон бари давлат бихӯр, ки ман
Дар сояи ту булбули боғи ҷинон шудам.
Аввал зи таҳту фавқи вуҷудам хабар набуд,
Дар мактаби ғами ту чунин нуктадои шудам.
Қисмат ҳаволатам ба харобот мекунад,
Ҳарчанд, к-инчунин шудаму ончунон шудам.
Он рӯз бар дилам дари маънӣ кушуда шуд,
К-аз сокинони даргаҳи пири муғон шудам.
Дар шоҳроҳи давлати сармад ба тахти бахт
Бо ҷоми май ба коми дили дӯстон шудам.
Аз он замон, ки фитнаи чашмат ба ман расид,
Эмин зи шарри фитнаи охирзамон шудам.
Ман пири солу моҳ наям, ёр бевафост,
Бар ман чу умр мегузарад, пир аз он шудам.
Дӯшам навид дод иноят, ки Ҳофизо,
Бозо, ки ман ба афви гуноҳат замон шудам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *