Бозову Дили Танги Маро Мӯниси Ҷон Бош

Бозову дили танги маро мӯниси ҷон бош
В-ин сӯхтаро маҳрами асрори ниҳон бош!
3-он бода, ки дар майқадаи ишқ фурӯшанд,
Моро ду-се соғар бидеҳу гӯ: рамазон бош!
Дар хирқа чу оташ задӣ, эй орифи солик,
Ҷаҳде куну сарҳалқаи риндони ҷаҳон бош!
Дилдор, ки гуфто: ба туам дил нигарон аст.
Гӯ, мерасам инак ба саломат, нигарон бош!
Хун шуд дилам аз ҳасрати он лаъли равонбахш,
Эй дурҷи муҳаббат, ба ҳамон мӯҳру нишон бош!
То дар дилаш аз ғусса ғуборе нанишинад,
Эй сели сиришқ, аз ақиби нома равон бош!
Хофиз, ки ҳавас мекунадаш ҷоми ҷаҳонбин,
Гӯ: дар назари Осафи Ҷамшед макон бош!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *