Як шаб аз қисмат гурезам пеши ту – Лоик Шерали

Як шаб аз қисмат гурезам пеши ту
Бо ҷунуни дил кунам девонаат
Тарк гӯям ақли дурандешро,
Гум шавам дар олами афсонаат.

Пеши рӯят оварам рӯи ниёз,
Рӯи дунёе насиби ман шавад.
Як шабе аз сад ҳазорон субҳу шом
Ҳусну зебоӣ насиби ман шавад.

Бо ту сӯзам, то насӯзад толеам,
Бо ту печам, то гурезам аз завол.
Бӯсам аз чашми хаёлангези ту
Ҳамчунон дар олами хобу хаёл.

Ларз-ларзон бо ҳама розу ниёз
Гӯш бинҳам бар тапишҳои дилат
То ба савдои дили девонаам
Номҳо ҷӯям зи дунёи дилат.

Шаб ҳама шаб сӯзиши зебои дил,
Коҳиши ширини ҷони носабур…
Субҳ ояд, ду фаришта пар кашем
Аз канори ҳам ба гардунҳои дур…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *