Ширмаҳтоби ғуборолуда. – Лоик Шерали

Ширмаҳтоби ғуборолуда.
Хирмани мӯи туву хирмани маҳ.
Бингар он теғаи чун дасти дароз
Чанг андохта бар домани маҳ.

Рӯд аз хандаи маҳ хандонрӯст:
Мавҷҳо хандазанон мегузаранд.
Ханда кун дар лаби дарё, ки ҳама
Охир аз баҳри ҷаҳон мегузаранд.

Чи тазодест дар авзои замин –
Сабзаҳо сӯхта дар соҳили рӯд…
Оташ андоз зи барқи нигаҳат
То барояд зи дили дарё дуд!

Чашми ту мерамад аз дидани ман.
Чеҳраи сабзи ту ботамкин аст.
Мову дарёдиливу ин дарё –
Бахти беранг чи сон рангин аст!

Хоки олам ба сари толеу бахт!
Бингар он доғи рухи равшани маҳ.
Бингар он кӯҳи сарафроз чу ман
Даст андохта бар гардани маҳ…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *