Агар ёбам ҷавонии дубора, – Лоик Шерали

Агар ёбам ҷавонии дубора,
Туро, танҳо туро мехоҳаму бас.
Ба ҳар қисмат, ба ҳар қимат, ки бошад,
Туро ҳаргиз нахоҳам дод бар кас.

Агар ёбам ҷавонии дубора,
Ба чашми дигарон дунё набинам,
Гули оташ бичинам з-оташи дил,
Ба дасти кӯрзавқе гул начинам.

Агар ёбам ҷавонии дубора,
Нахоҳам хурд фанди раҳнамоён.
Ба роҳи дил равам, ҳарчанд дур аст,
Хурам ҳарчанд сад захми намоён.

Агар ёбам ҷавонии дубора,
Бигӯям бо дилат афсонаи дил,
Бубинам бо ту ҳар чӣ диданӣ ҳаст,
Туро бону кунам дар хонаи дил.

Агар ёбам ҷавонии дубора,
Биороям зи ишқат қисматамро.
Дубора гар ту ҳам ёбӣ ҷавонӣ,
Накӯ дарёб қадру қиматамро.

Агарҳо, кошкиҳо зинда бошанд –
Тасаллопарварони зиндагонӣ!
Агар ёбам ҷавонии дубора…
Дубора гар ту ҳам ёбӣ ҷавонӣ…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *