Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода, – Лоик Шерали

Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода,
Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода.
Гиреҳ мебандӣ абрӯро, ки дар корам гиреҳ афтад,
Зи кӯят меравам бо бори ғам афтода-афтода.
Чу оям бар дарат, аз қаҳр бебаргу барам созӣ,
Равӣ чун сарви озод аз барам озода-озода.
Ғазал гуфтам барои ту, дағал гуфтию бигзаштӣ,
Ба ман додӣ ғазалҳои маро нодода-нодода.
Тамоми умр масти бода будам, эй хушо як бор
Шудам масти ду чашми масти ту бебода-бебода.
Вале ту меравӣ, эй содарӯ, мағрури ҳусни худ
Ба ними роҳ мемонам мани сода, мани сода…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *