Наёбӣ дар ҷаҳони бевафо содиқтаре аз ман, – Лоик Шерали

Наёбӣ дар ҷаҳони бевафо содиқтаре аз ман,
Наёбӣ дар муҳити беғамон мушфиқтаре аз ман.
Дар он маврид, ки лофи ишқ гӯянду раҳат гиранд,
Наёбӣ аз талабгорони худ ошиқтаре аз ман.
Ба он дарди дили зорат, ки ноҳамвор месӯзад,
Табибе ҳам наёбӣ хушпаю ҳозиқтаре аз ман.
Дар он соат, ки аз ҳафт осмон ҷӯӣ тасаллое,
Наёбӣ дар замини ошиқӣ ошиқтаре аз ман.
Тамоми умр ҷӯӣ лоиқи худро дар ин дунё,
Наёбӣ бар мазоқи хештан лоиқтаре аз ман.
[1986]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *