Ай Муборак Зи Ту Сабӯҳу Сабоҳ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ай муборак зи ту сабӯҳу сабоҳ,
В-ай музаффарфар аз ту қалбу ҷаноҳ!
Ай шароби таҳур аз кафи ҳур
Бар ҳарифони маҷлиси ту мубоҳ!
Ай кушода ҳазор дар бар мо
В-ай бидода ба дасти мо мифтоҳ!
Во намудӣ, ҳар он чи мегӯянд,
Муъаззинон субҳ, фолиқ – ал – асбоҳ.
Ҳар чи додӣ иваз, намехоҳӣ,
Гарчи гуфтанд: “Ассалоҳу рабоҳ!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *