Баҳри Шаҳват Ҷони Худро Медиҳӣ Ҳамчун Сутур – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Баҳри шаҳват ҷони худро медиҳӣ ҳамчун сутур
В-аз барои ҷони худ каҳ медиҳӣ в-он гаҳ базӯр!
Меситонӣ аз хасон, то водиҳӣ даҳ-чордаҳ,
Дар ҳавои шоҳидиву луқмайӣ, ай беҳузур!
Он сабадкаш мекашад он луқмаҳоро тун ба тун,
Медавонад мурдакаш мар шоҳидатро гӯр-гӯр!
Луқмаат мурдор омад, шоҳидат ҳам мурдае,
Дар миёни ин ду мурда чун намебошӣ нуфур?!
Чашми охурро бибанду чашми охир баркушо,
Охири ҳар чиз бингар, то бигирад чашм нур!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *