Гаҳ Чархзанон Ҳамчун Фалакам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам,
Гаҳ болзанон ҳамчун малакам!
Чархам пайи Ҳақ, рақсам пайи Ҳақ,
Ман з-они вайам, не муштаракам!
Чун дид маро, бихрид маро
Он кони намак, з-он бонамакам!
Шер аст яқин дар бешаи ҷон,
Бидрид яқин анбони шикам!
Он, к-ӯ ба қазо додаст ризо,
Қозӣ кунадаш рӯзе малакам!
Яъҷуҷ манам, Маъҷуҷ манам,
Ҳад нест маро, ҳарчанд якам!
Барбанд даҳон, дар боғ даро,
То кам накунӣ хатҳои чакам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *