Гуфтӣ Маро Ки «чунӣ» Дар Рӯйи Мо Назар Кун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гуфтӣ маро ки «Чунӣ», дар рӯйи мо назар кун,
Гуфтӣ: «Хушӣ ту бе мо!», з-ин таънаҳо гузар кун!
Гуфтӣ маро ба ханда: «Хуш бод рӯзгорат!»,
Кас бе ту хуш набошад, рав қиссаи дигар кун!
Гуфтӣ: «Малӯл гаштам, аз ишқ чанд гӯйӣ»,
Он кас, ки нест ошиқ, гӯ, қисса мухтасар кун!
Дар оташам, дар обам, чун маҳраме наёбам,
Кунҷе равам, ки, ё Раб, ин теғро сипар кун!
Густохамон ту кардӣ, гуфтӣ ту рӯзи аввал:
«Ҳоҷат бихоҳ аз мо в-аз дарди мо хабар кун!».
Гуфтӣ: «Шудам парешон аз муфлисии ёрон»,
Бикшо ду лаб, ҷаҳонро пурдурру пургуҳар кун!
Гуфтӣ: «Камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат»,
Бикшо ду дасти раҳмат, бар гирди ман камар кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *