Ёри Бо Ин Лутфҳоро Аз Лабаш Поянда Дор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ёри бо ин лутфҳоро аз лабаш поянда дор!
Ӯ ҳама лутф аст, ҷумла, ё Рабаш, поянда дор!
Ай басе ҳақҳо, ки дорад бар шаби торик моҳ,
Ай Худоё, рӯзу шаб ту бар шабаш поянда дор!
Ҳаст манзилҳои хуш мар рӯҳро аз мазҳабаш,
Ай Худоё, рӯҳро бар мазҳабаш поянда дор!
Тифли ҷон дар мактабаш устоди устодон шудаст,
Ай Худо, ин тифлро дар мактабаш поянда дор!
Лашкари динро зи шоҳам – Шамси Табрезӣ зиёст,
Ай Худоё, то абад бар мавкабаш поянда дор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *