Зинҳор Маро Магӯ Ки Пирам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зинҳор маро магӯ, ки пирам,
Пириву фано куҷо пазирам?
Ман моҳии чашмаи ҳаётам,
Ман ғарқаи баҳри шаҳду ширам.
Ҷуз аз лаби лаъли ҷон нанӯшам,
Ғайри сари зулфи ӯ нагирам.
Гар каж ниҳадам камони абрӯ,
Дар ҳукми камони ӯ чу тирам.
Андохтаӣ чу тир дурам,
Баргир, ки аз ту ногузирам.
Паррам ту диҳӣ, чаро напаррам?
Мирам чу туӣ, чаро бимирам?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *