Кист Ки Ӯ Бандаи Ройи Ту Нест – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Кист, ки ӯ бандаи ройи ту нест,
Кист, ки ӯ масти лиқои ту нест?!
Ғуссакаше ку, ки зи хавфи ту нест,
Ё тарабе, к-он зи риҷои ту нест?!
Бухли кафе ку, ки зи қабзи ту нест,
Ё караме, к-он зи атои ту нест?!
Лаъли лабе ку, ки зи кони ту нест,
Муҳташаме ку, ки гадои ту нест?!
Муттасил авсофи ту бо ҷонҳо,
Як раги бебанду кушои ту нест?!
Ҳар ду ҷаҳон чун ду кафу ту чу ҷон,
Каф чи диҳад, к – он зи сахои ту нест?!
Чашми кӣ дидаст дар ин боғи кавн
Рақси гуле, к – он зи ҳавои ту нест?!
Ғофил нола кунад аз ҷаври халқ,
Халқ ба ҷуз шабҳи асои ту нест!
Ҷунбиши ин ҷумла асоҳо зи туст,
Ҳар як ҷуз дарду давои ту нест!
Захм муъаллим занад, он чӯби кист?!
Кист, ки ӯ банди қазои ту нест?!
Ҳамчу сагон чӯб туро мегазад,
Дар сарашон фаҳми ҷазои ту нест!
Дафъи балои ману озори халқ
Ҷуз ба муноҷоту санои ту нест!
Бишканӣ ин чӯб, на чӯбаш кам аст,
Дафъи ду-се чӯб раҳои ту нест!
Соҳиби Ҳут аз ғами уммат гурехт,
Ҷон ба куҷо бурд, ки ҷои ту нест?!
Бас куну аз миҳнати Юнус битарс,
Бо қадар истеза ба пои ту нест!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *